Президент Эмомалӣ раҳмон дар масҷиди Тӯда имоматӣ мекунад?!

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, 4-уми октябр, зимни кушодашавии калонтарин масҷид дар Тоҷикистон, Президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуда, ҳамчунин, бори аввал намозро имомӣ мекардааст. Ин иттилоъро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тасдиқ ё рад накарданд. Хабарнигори «Нигоҳ » аз ин мавзеъ боздид кард. Калонтарин масҷиди кишвар, ки мебояд беш аз 10 ҳазор намозгузоронро ҷой диҳад, дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, дар 20- километрии шаҳри Душанбе, дар масоҳати 2 га замин сохта шуда истодааст

Ҳарчанд дар ҳамин шабу рӯз корҳои сохтмонӣ дар он башиддат идома доранд, аммо минбар барои суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҷой барои 5 ҳазор шунаванда, аллакай, омода карда шудааст. Масҷид ба муносибати 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафия Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит сохта шуда, аллакай, миёни мардум чун «Масҷиди Имоми Аъзам (р)» маълум аст. Дар он ҳамарӯза садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва сохтмончиён кор мекунанд. -Пудратчии асосии он ширкати «Сохтмончӣ» буда, маблағи умумии сохтмон ба касе маълум нест,- гуфт дар сӯҳбат бо «Нигоҳ » Алиҷон Норбеков, раиси ширкати «Сохтмончӣ». -Саҳми аҳолии деҳа низ дар корҳои сохтмонӣ ниҳоят зиёд аст. Ба сохтмони масҷид, ҳамчунин, муовини аввали сарвазири кишвар ва собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, ки зодаи ҳамин ноҳия аст, маблағи зиёд сарф кардааст. Соҳибкорони маҳаллӣ низ кӯмаки молии худро дар сохтмони масҷид дареғ намедоранд, -мегӯяд Ҳоҷӣ Абдурашид Раҳимов, ҳамсӯҳбати дигари мо, ки раисии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кишмиш»-ро ба ӯҳда дорад ва худро аз ташкилкунандаи сохтмони ҳамин масҷид меномад. Бинои масҷид аз ду ошёна иборат буда, танҳо ошёнаи якум бо айвон ва саҳни ҳавлии он барои беш аз 9 ҳазор нафар намозгузорон пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми масҷид китобхона ва маркази компутерӣ ҷойгир карда мешаванд. Баландии гунбади асосии масҷид, ки муаззин аз он мардумро ба намоз даъват мекунад, 37,8 метр мебошад. Масҷид, ҳамчунин, дорои таҳоратхона, ки ҳамеша бо оби гарм таъмин мешавад ва истгоҳи замонавии мошинҳо мебошад. -Аммо, айни ҳол, шароити дар зимистон гарм кардани толори асосии намозгузории масҷид, ки 1800 метри мураббаъ мебошад, ғайриимкон аст, — гуфт Ҳоҷӣ Абдурашид Раҳимов. Ба гуфти сокинони деҳаҳои атроф, ки дар ин ҷо кор мекунанд, «имомии аввалин намоз дар ин масҷидро Президент Эмомалӣ Раҳмон, шахсан, ба дӯш хоҳад гирифт». То кадом андоза ин андеша ҳақиқат аст, ба ҳеч кас маълум нест. Касе аз дастандаркорони ин тарҳи бузург дар худи Ҳисор омода нашуданд, ки ин иттилоъро тасдиқ намоянд, аммо дар Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон низ барои «TojNews» ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Ба гуфти чанд сокини деҳаи Тӯда, мардум дар ин бора аз масъулони ҷамоат, вақти намоз дар яке аз масҷидҳои деҳа, шунидаанд. -Ин гуна гап миёни мардум ҳаст. Ин овозаи хушку холие буда наметавонад, -боварӣ дорад Муҳаммад, як сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор. –Ҳама бовар доранд ва бесаброна интизоранд, ки якшанбеи 4-уми октябр масҷиди нав дар деҳаи Тӯда ба истифода дода мешавад ва чун анъана, онро Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон, шахсан, кушода эълон мекунад. –Худатон фикр кунед,- мегӯяд Муҳаммад, -чӣ хел мешавад, ки Президент масҷидро кушоянду дар он намоз нагузошта раванд? Вақте Президент ин ҷо аст, кӣ ба меҳроб мебарояд? — мегӯ¬яд ӯ. Ҳамсӯҳбатони дигари мо низ ба ин боваранд, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ва на танҳо ӯ, ҳатман, аз Тӯда дидан мекунанд ва намоз мегузоранд. Ба қавли онҳо, дар ин ҷо моҳҳо боз дар бораи ташрифи меҳмонони олиқадр аз кишварҳои арабӣ дар сатҳҳои гуногун гап мезананд. Ташрифи меҳмонони хориҷии олиқадрро ба ин маросим дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ накарданд, лекин санаи эҳтимолии ба истифода додани масҷидро 4-уми октябр хонданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки васоити ахбори оммаи давлатӣ дар бораи ташрифи яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳони Ислом, факеҳ Юсуф Қарзовӣ иттилоъ пахш намуданд. Гуфта мешавад, ки фақеҳи машҳур Юсуф Қарзовӣ, ҳамчунин, дар маросими гузоштани хишти аввали як масҷид ва Маркази исломӣ дар шаҳри Душанбе иштирок хоҳад кард. Ин масҷид ва Маркази исломӣ, ки воқеан ҳам бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ унвон шуда, барои ,тақрибан, 150 ҳазор намозгузорон дар як вақт пешбинӣ шудааст, бо маблағгузории давлати Қатар ва соҳибкорони ватанӣ бунёд мегардидааст. Бино ба иттилои тасдиқнашуда, ин масҷид ва Маркази исломӣ дар наздикии маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахт сохта мешавад. Айни ҳол, ин ҷо корҳои омодагӣ ба маросими расмии гузоштани хишти аввали бино бо иштироки меҳмонони хориҷӣ идома доранд.

Оставьте комментарий