Душанбе омадӣ «памперс» гир!-2

Ба Рӯзи ҷаҳонии туалет бахшида мешавад!

Ба ақидаи табибон, бо фаро расидани фасли тирамоҳ бештари бемориҳо аз нав хурӯҷ мекунанд. Аз ҷумла, баробари фаро расидани сардиҳо хурӯҷи бемории «тистит» (шамол хӯрдани пешобдон), ки беморро ҳар лаҳза водор менамояд, ки сӯи туалет давад, бештар мешавад. Агар гирифтори чунин беморӣ дар шаҳри Душанбе бошад- чи? Ё … Соле пеш ҳафтаномаи «Нигоҳ»( №35 аз 20-уми ноябри 2008) ба ин мавзӯъ матлабе навишта буд. Пас аз як сол мо дубора сари ин мавзӯъ баргаштем. Огоҳӣ: танҳо барои хондани ботамкин 😉 Ё худ чаро дар Душанбе ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, қариб ки нестанд. Читать далее

Ба тангем ҳам зор шудем ё Ҳамзаалӣ Ғаниеву «Автобус-1»аш дар хизмати кист?

Соат 2030. Мардум дар кӯчаҳои шаҳр -парешону овораву саргардон, намедонанд, ки ба куҷо раванду ва ба кӣ муроҷиат кунанд. Ман ҳам дар қатори дигарон аз соати 1930 то 2245 дар истгоҳҳои назди меҳмонхонаи «Вахш», кинотеатри «Ватан», Фурӯшгоҳи марказӣ мунтазири нақлиёти ҷамъиятӣ будам. Бояд таъкид намуд, ки аз як истгоҳ то истгоҳи дигар пиёда мерафтаму бо умед ба роҳ дида медӯхтам, ки шояд автобусе пайдо шавад.

Дар истгоҳҳо мунтазир будам ва ё бо умед ба қафо нигоҳ карда-нигоҳ карда мерафтаму мошинҳои Хитоӣ (хафи, вулинг, чанху)-ро, ки маъруф бо номи «тангем»-анд, ёд мекардам. Мардум ба «ислоҳот»-и пай дар пай, ки бо ибтикори бархе аз «чиновник»-ҳои «соҳиб»-и мошини давлатӣ, ки ба зуҳур меояд, одат кардаанд. Аслан имрӯз низ шиори ҳамагон «даҳони пӯшида-сад тилло» аст. Лекин бояд мақоли машҳурро такрор кард, ки «Афлотун дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат -волотар». Читать далее

Хобгоҳ не, ҳушёрхона?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вақти ба истифода додани хобгоҳи №6-и Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон иштирок намуда, лентаи рамзии анъанавиро бурид. Дар қабул кардани он баҳои мусбат дод. Намедонам, агар имрӯз ҷаноби президент воқеияти хобгоҳро бубинад, чӣ баҳо медода бошанд?
24-уми октябри ҳамин соло ба муносибати 60-солагии ДМТ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хобгоҳи нӯҳошёна дар маҳаллаи Лучоб иштирок намуда, ба вазъи иҷтимоии донишҷӯёни хобгоҳ, ки ба тозагӣ вориди хобгоҳ шуда буданд, аз наздик ошно шуда буд. Ин як ғамхории меҳрубононаи президент буд нисбати донишандӯзони манотиқи дурдасти мамлакат. Он рӯз хурсандии донишҷӯён ҳадду канор надошт, зеро онҳо дер боз интизори буридани лентаи рамзии хобгоҳ ва соҳиби сарпаноҳ шудан доштанд. Читать далее

Муноқиша дар донишгоҳ ё моҷароҳои пай дар пай дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз чӣ далолат мекунанд?

Мактуби донишҷӯдухтар
Чанде пеш ба суроғаи электронии ҳафтаномаи «Нигоҳ» як номаи саркушода ба унвонии вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов ва идораи нашрия дохил шуд. Дар он аз ҷумла омада буд, ки (матн айнан оварда шудааст) «Ман донишҷӯдухтари курси панҷуми гурӯҳи шартномавии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Фирӯза Нурхонова ҳастам. Як моҳ боз асабам бениҳоят ноором аст, ба қавле на шаб хоб дораму на рӯз. Читать далее

Hello world!

Welcome to WordPress.com. This is your first post. Edit or delete it and start blogging!