«Ҳаргиз ба шаҳри мо меҳмон наояд!»

Бознашр аз «Нигоҳ»

сах 3Амният мушкилӣ намуд, аммо чун дуруст нигоҳ кардам, фоҷиа тофт.

Фоҷеае, ки чанд сол аст ба мо бор шудааст, аммо касе онро дидан намехоҳад, чӣ расад ба пайдо кардани роҳҳали он. Чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё чизе ва ё коре нашудааст, балки як кори маъмулист, ки бояд шавад, ҳатто ҳатман бояд чунин бошад.

Фоҷеа солҳост, ки идома дорад ва мо одат кардаем.

Он замоне рух медиҳад, ки Ҷаноби Олӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ, ё аз Душанбе ба ягон вилояту ноҳия сафар мекунанд, ё барои кушодани мактаб ва ё ягон иншооти дигари пойтахт мераванд. Читать далее

«Бланка нест!»

Чаро Вазорати корҳои хориҷӣ се моҳ боз наметавонад «бланка»-и шиносномаи хориҷиро аз Қазоқистон биёрад?

Бознашр аз «Нигоҳ«

сах 4444Гирифтани шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мушкил табдил ёфтааст. Баъзеҳо ин мушкилро танҳо «бизнес»-и бархе аз масъулин медонанд, аммо масъулин набудани «бланка» ё худ «китобча»-и шиносномаро баҳона мекунанд.

Имрӯз барои ба хориҷа сафар кардан бояд, ҳатман, бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошӣ. Махсусан, барои тоҷикон, ки аксарияташон ба муҳоҷират сафар мекунанд, гирифтани он хеле зарур аст. Ба ҳамин хотир, баъзеҳо барои ба даст овардани шиноснома аз дигарон қарз мегиранд ва бархе бузи ягонаашонро мефурӯшанд, то шиносномаи «биометрӣ» бигиранд. Читать далее

«Супергуреза»

Бознашр аз «Нигоҳ»

Роҳи раҳоӣ аз “облава” чист?

карик Зарур аст роҳи ҳалли бетаъхири масъалаи “облава” ё аз кӯчаву бозорҳо дошта, ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон пайдо карда шавад. Онҳоеро зарур аст, ки шартан гӯем, дар “ақибгоҳ” ҳастанд. Зеро гап сари ҳимояи Ватан, сари Ватандӯстӣ меравад.

Гап дар сари он меравад, ки писари камбизоат, ки баъд аз аробакашӣ нисфирӯзӣ сабзавоту нон ва ғайраҳо харида, ба волидайнаш мебурд, ба аскарӣ рафту писари вазир ё раисони шаҳр, ноҳия, ширкату хоҷагиҳои калон, ташкилоту муассисаҳои азим, соҳибкор, шахси сарватманд ба хизмати Модар — Ватан нарафт…

То айни замон қариб дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ дар соҳаи ҳарбӣ ислоҳот гузаронида шудааст. Аммо дар Тоҷикистон масъалаҳои ҳалталаби соҳа хеле зиёданд. Читать далее

Аҷоиботи Панҷрӯд

Бознашр аз «Нигоҳ»

Арчаҳои Боғи Рӯдакӣ дар ҳасрати дидори президент хушк шуданд?

DSC_1293Аввали баҳор буд. Аз деҳа занг заданд, ки деҳаро аз нав обод мекунанд, зеро барои зиёрати устод Рӯдакӣ президент Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод меоянд. Ман ҳам рафтам. Деворҳои ду тарафи дарё, ки солҳои тӯлонӣ вайрон шуда буданд, таъмир шуданд. Гурӯҳ-гурӯҳ устоҳо саргарми кор буданд — чойхонаву меҳмонхонаро рангубор мекарданд, дар роҳравҳои боғи соҳили рости дарё «плитка» мечинданд. Босуръат кор мекарданд, то дар вақти муайяншуда ҳамаро ба итмом расонанд. Читать далее

Баҳси «масҷиди муаллақ» дар Файзобод

Бознашр аз «Нигоҳ»

faizobodБаҳси масҷиди Имом Абуҳанифа, ки бо гузаштани соли пешвои ҳанафиён, раиси ноҳияи Файзобод намехоҳад бунёд шавад.

«Агар маблағгузорро назди ман меоварданд ва онро ман медидам ва медонистам, ки ӯ араб, турк, ё тоҷик аст, пас дар ҳамон замон иҷозат медодам, худ медонед — ку дар онҷо пули кам нест ва ман бояд донам, ки масҷидро кӣ месозад, — мегӯяд Абдулло Ҳакимов, раиси ноҳияи Файзобод. Читать далее

Муборизаи 9-моҳа

Дар Кӯлоб 15 деҳқонзан пас аз як соли даводав соҳиби замин шуданд

Бознашр аз «Нигоҳ»

16-уми ноябри соли 2011 матлабе бо унвони «Дарди деҳқонзанҳои Кӯлоб» («Нигоҳ», № 35 (258) нашр карда, дар поёни матлаб ваъда дода будем, ки ба ин мавзӯъ бозмегардем. Инак, ин фурсат пас аз 9 моҳ фаро расид.

Соли гузашта ба унвони ҳафтанома аз номи 22 зани шаҳри Кӯлоб мактуб ворид шуда буд, ки барои гирифтани замин 5 сол боз мубориза мебурданд ва касе ба додашон намерасид. Хабарнигори «Нигоҳ» аз ҷойи ҳодиса дидан ва пас матлабе ҳам нашр карда буд. Чанде баъд ба матлаби мазкур аз вилояти Хатлон посух гардониданд («Нигоҳ» №43 (266), 11-уми январи соли 2012). Читать далее

Ноӯҳдабароиҳои раиси Панҷакент

Бознашр аз «Нигоҳ»

Барои валангор шудани фурудгоҳи Панҷрӯд Хусрави Абдуназар гунаҳкор нест?

Харобиҳои сел

Ҳар боре ба деҳаи дурдасти Панҷрӯд меравам як вайронгариеро мебинам, ки мардум аз он шиква доранд, вале намедонанд, ки арзашонро ба кӣ гӯянд, чунки роҳи байни деҳа ва ноҳия 58 км аст ва масъулин аз ин дурии роҳ гӯё истифода мебаранд. Читать далее

Зане дар паси дари Президент

Биҷаннат Тошматова – маъюби гурӯҳи 1-ум ба ноадолатиҳои мақомоти вилояти Суғд тоқат карда натавонист ва ба назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додхоҳӣ омад.

— Аммо дар мудате, ки 28 рӯз дар пушти дари дастгоҳ будам, касе ба додам нарасид – гуфт ӯ. Читать далее

«Роҳбандон»

Барои дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд сарсону саргардон кардани мардум кӣ гунаҳкор аст: БДА, вазорати нақлиёт ё ширкати «IRS»?

Бознашр аз «Нигоҳ»

4 апрел бо нияти сафар ба Панҷакент, аммо ба хотири он, ки дар муҳосираи тарма намонам, ба Вазорати нақлиёт занг зада пурсидам, ки роҳи Душанбе — Хуҷанд кушода аст ё хайр? Ҷавоб доданд, ки роҳ боз, лекин ҳаракати нақлият аз рӯи «график» аст. Як рӯз аз самти шимол ба ҷануб ва рӯзи дигар баръакс — аз ҷануб ба шимол. Саҳари панҷшанбе — 5 апрел, ки роҳ аз самти ҷануб ба шимол боз буд, ба сафар баромадам. Читать далее

«Офарин» ба вазири фарҳанг!

Бознашр аз «Нигоҳ»

Агар дар ҳамин шароите, ки вазорати фарҳанг фароҳам кардааст, Рӯдакӣ аз нав дар Панҷрӯд таваллуд мешуд, ҳеҷ гоҳ Рӯдакӣ ва асосгузори шеъри форсӣ намешуд.

 Чанде қабл ба зодгоҳи устод Рӯдакӣ – деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент сафар намудам. Аммо ин сафар мисли сафарҳои пешин на он қадар хуб буд. Пеш қариб, ки дар қади кӯча мардумро намедидам. Бекорон ба чойхона мерафтанду гурӯҳ-гурӯҳ нишаста, сӯҳбат мекарданд. Бори охир мардумро на дар қади роҳ, рӯи сементҳо ва барф дидам, ки гурӯҳ-гурӯх менишастанд. Суоле, ки амдан дар сарам зад, ки чаро мардум дар кӯчаанд, на чойхона? Читать далее

«Шикамларзонӣ» дар ҷаласаи солона

18-уми январи соли равон маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2011 баргузор гардид. Ин ҷаласаро на ҳама интизорӣ мекашиданд, вале аксарият бар он буданд, ки намоиши телевизионии он хеле диданӣ аст. Чунин ба назар мерасад, ки тамошои ин ҷаласа аз «Лаҳзаҳои гуворо» гуворотар аст. Чунки мардум «ман гунаҳкорам» гуфтани бархе раисони гизаларо шунида, «дам» мегиранд… Ҳисоботи додаи бархе масъулин ин дафъа низ президентро қаноатманд карда натавонист. Президент боз мисли ҳардафъаина изҳори норизоӣ кард ва гуфт: «Ин ҳисоботе, ки дар коғаз овардаед, бовар дорам, 40 дарсади он вуҷуд надорад». Читать далее

«Рокировка»

Як моҳ беш ҷойивазкунӣ дар ҳукумати Тоҷикистон идома кард. Мисли солиёни пеш боз ҳамон одамони кӯҳнаву вазифаҳои нав. Ҷойивазкунии тағйирёбандаҳо идома дорад, аммо бо иваз кардани ҷои тағйирёбандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир нахӯрд. Чаро курсиҳоро мӯйсафедони ҳукумат ба нафарое намедиҳанд? Ё президент Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки бо иваз кардани курсии онҳо дигар ба камбудиву норасоиҳо роҳ намедиҳанд? Дар хона менишастаму дар бораи тағйиротҳо фикр мекардам: чаро сарвари давлат дидаву дониста боз ҳамон нафаронеро, ки барои камбудӣ дар ин ё он сохтор гунаҳкор буданд, боз ба вазифа монд? Бубинед, «қаҳрамони»-ҳои бархе аз онҳоро: Читать далее

Посухи узбакӣ ба Эрон

Бознашр аз «Нигоҳ»

Чаро мақомоти Ӯзбакистон молу колоҳои 24 ширкати Эронро намегузоранд, ки вориди Тоҷикистон шаванд?

Аз 30 ноябр то 4 декабр дар Кохи Борбад чорумин намоишгоҳи байналмилаллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Аммо он ба мисли намоишгоҳҳои пешин набуд, зеро аксари кулли маҳсулоти он ба Тоҷикистон нарасид.

Тибқи маълумоти сафорати Эрон дар Душанбе, Ӯзбакистон нагузоштааст, ки вагонҳои пурбор вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Коршиноси масоили иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон Аббос Баёнӣ ба «Нигоҳ» гуфт, Ӯзбакистон мошинҳои пурбори 24 ширкати эрониро, ки тариқи транзит ба намоишгоҳ меомаданд, дар қаламраваш мутаваққиф кардааст. Читать далее

Шикоят аз торикӣ

Бознашр аз «Нигоҳ»

чӣ маҷбур мекунад, ки «Барқи тоҷик» дурӯғ гӯяд?

Имсол дар кишвар «лимит»-и ғайрирасмӣ барвақттар ҷорӣ шуд. Дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ин тасмим аз 1- и октябр гирифта шуд. Аммо инро кормандони ширкати «Барқи тоҷик» ҳамеша рад мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳоло лимит ҷорӣ нашудааст, зеро онро танҳо ҳукумати кишвар ҳақ дорад муайян кунад. Аммо иттилое, ки дар дасти мо – рӯзноманигорон аз навоҳӣ ба даст меомад, дигар буд. Ба «Барқи тоҷик» мегуфтем, ки дар фалон ноҳия барқро хомӯш кардаанд. Мегуфтанд, ҳоло маълум мекунем, мумкин аст, ки «омодагӣ ба зимистон» бошад. Читать далее

Дарди деҳқонзанҳои Кӯлоб

Бознашр аз «Нигоҳ»

ё худ чаро 5 сол мешавад, ки нафаре ба доди занони кӯлобӣ намерасад?

Як гурӯҳи 22 нафараи занони деҳаи Шакархони ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, ки ҳанӯз моҳи май ба «Нигоҳ» арзоварда буданд, дубора шикоят мекунанд, ки мансабдорони маҳаллӣ ҳуқуқҳои онҳоро тӯли солҳо зери по мекунанд, вале касе аз мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба додашон намерасад. Хабарнигори «Нигоҳ» дубора ба Кӯлоб сафар кард, то асли корро маълум намояд. Читать далее

Нархи пой — 7300 сомонӣ?!

Бознашр аз «Нигоҳ»

Нафаре, ки дар адои хизмати модар — ватан як пои худро аз даст дод, имрӯз дар гӯшаи фаромӯшӣ аст.

 Рустам Почоев, зодаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аст. Ӯ 10 майи соли 2005 бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ меравад. Пас аз як солу ҳашт моҳи хизмат дар дидбонгоҳи сарҳадии рақами 1 ба минаи зидди пиёдагард бархӯрда, пойи росташ аз зону поён канда ва як чашмаш нобино мешавад. Рустамро ба беморхонаи Душанбе интиқол медиҳанд ва ба падараш хабар мерасонанд, ки ба Душанбе ояд. Читать далее

Нуралии Дӯстмуҳаммад: Вазир ифтихор намекунад, ки вазир аст

Бознашр аз «Нигоҳ»

 Нуралии Дӯстмуҳаммад шаҳрванди Афғонистон аст. Аз соли 1990 то 1998 дар Тоҷикистон зиста, дарси алифбои форсӣ мегуфт ва устоди кафедраи таърихи фалсафа дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд. Соли 1998 бо дастгирии идораи муҳоҷирати Бунёди Оғохон ба Канада муҳоҷират кард ва то ҳол он ҷо иқомат дорад. Имсол барои аёдати дӯстонба Тоҷикистон омад. Читать далее

Шаҳрдорӣ аз ронандагон мағлуб шуд

Ду субҳ аст, ки бо як нозири истгоҳи охири Зарафшон, ки рафтуомади маршруткаҳои рақами 8-ро ба қайд мегирад, вориди баҳс мешавем. Ин хати ҳаракат нисбат ба дигар самтҳо танзимёфтатар ба назар мерасад ва ҳарчанд мегуфтам, шояд мушкилоте набошад, аммо чун корафтода шудам, дидам, ки он низ аз дигар самтҳои ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ кам фарқ мекунад. Эроди мо он аст, ки чаро аксари ин мошинҳо ё то СУМ мераванд ва ё то бозори Шоҳмансур? Посухи ӯ ин аст, ки инҳо автобаза мераванд, то аз қайд гузаранд. Намедонем, ки дар наздикиҳои СУМ кадом автобаза ҳасту дар бозори Шоҳмансур кадом? Аммо ин посухи расмӣ аст, чун нозир мақомеро намояндагӣ мекунад, ки бояд омадурафти мошинҳо дар он сабт шавад. Ва акнун асли матлаб. Читать далее

Худфиребӣ

Бознашр  аз «Нигоҳ»

Чаро блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон бояд ба истеъфо равад?

Ҳафтаи гузашта шоҳиди ду таъриф аз рушди иқтисодии Тоҷикистон шудем. Дар оғоз мудири иҷроияи Бонки Рушди Осиё Ашок Кумар Лоҳирӣ пас аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2011 6,8 дар сад боло рафтааст. Аммо баъд… вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор дошт, ки маълумоти Бонки Рушди Осиё ба нимсолаи аввали соли равон рабт мегирад ва дар ҳоли ҳозир рушди иқтисоди кишвар 7,1 дарсадро ташкил медиҳад. Читать далее

«Трактори Рӯдакӣ»

Трактори рӯбарӯи оромгоҳи асосгузори шеъри форсу тоҷик Абуадуллоҳи Рӯдакӣ хотираест аз сели бузурге, ки соли 2005 ба деҳаи Панҷруд фурӯ рехт. Он сол ба хотири рафъи паёмадҳои сел ҳукумати ноҳия ду трактор ва як экскватор оварда буд. Як трактор ва экскватор ҳамон замон вайрон шуданд. Пас аз шаш сол экскваторро кашида бурданд, аммо трактор монд ва онро мо «трактори Рӯдакӣ» ном кардем. Читать далее

Як бому ду ҳаво?

Шӯрои Аврупо ба президенти мо — Эмомалӣ Раҳмон унвони «пешвои асри XXI»-ро дод. Ман сарвари давлатро барои ин унвон муборакбод мегӯям ва ифтихор ҳам мекунам, ки роҳбари мо — тоҷиконро бо чунин унвони баланд қадрдонӣ карданд. Читать далее

«Меҳр дар чашм»

Президент боз сафар мекунад. Ин дафъа навбати Бадахшон. Рӯзномаи сафар: ширкат дар ифтитоҳи як мактаб ва вохӯрӣ бо мардум. Ин ҷо ба ду нукта ишора мекунем. Аввал, президенти мо ба музофот сафар ҳам кунад, ӯро вазирон ҳамроҳӣ мекунанд. Шояд ин қоидаи сафарҳои президент бошад. Баҳсе нест. Читать далее

Наханд ба пешат, ояд ба хешат?

Бознашр аз «Нигоҳ»

Аҷаб, масхарабозиҳое дорад дунёи сиёсат! Дар пайи интихоботи президентии 12 июни соли 2009 дар Эрон тазоҳуроти мардумӣ шурӯъ шуд. Мухолифони президенти пирӯз Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҷонибдорони номзади ноком Мирҳусейни Мусавӣ ба кӯчаҳо рехта, даст ба беназмиву сӯхторҳо заданд ва пулис ба саркӯби онҳо пардохт. Садҳо нафар бо Ғарб, аз ҷумла Британия ба насиҳати ҳукуматдорони Эрон шурӯъ кард, ки халқи худро саркӯб накунанд. Читать далее

Ваъдаҳои рамазонӣ


Бознашр аз «Нигоҳ»

 Раҳбарон ба поён бурдани нархҳо камар бастанд, аммо то куҷо муваффақ шуданд?

Дини ислом тоҷиронро ба поён бурдани нархҳо дар моҳи Рамазон даъват мекунад, аммо дар Тоҷикистон маъмулан нархҳо боло мераванд ва ба арзонӣ бозгашт намекунанд. Имсол раисони мо дасту остин барзаданд. Ваъда карданд, ки нархҳоро поён мекунанд. Кӣ ба ваъдааш вафо кард?

Читать далее

Ширкати IRS ва истироҳатгоҳи Президент

Бознашр аз «Нигоҳ»

Оё ҳамаи он иншооте, ки дар 25 метрии ду паҳлӯи роҳ ҷойгиранд, ба ширкати хориҷии IRS тааллуқ доранд?

Чанде қабл маълум шуд, ки 25 метрии ду паҳлӯи роҳи Душанбе-Чаноқ тариқи шартнома ба мӯҳлати 50 сол ба ширкати IRS ба иҷора дода шудааст. Ҳамон ширкате, ки ҳатто моликашро домоди президент муаррифӣ менамуданд, аммо ӯ ин иддаоро рад кард. Ҳамон ширкате, ки як роҳи муҳими стратегии кишварро пулакӣ кард ва кӣ медонад боз ба кадом роҳҳо чашм ало кардааст!? Ҳамон IRS-и «бесоҳиб», ки акнун 25-метрии ду паҳлӯи роҳро соҳиб шуда, худаш медонаду дави аспаш! Зеро ӯро касе қудрати тафтиш кардан надорад! Читать далее

Эҳтиёт шавед: милиса!?

Бознашр аз «Нигоҳ»

Ё чаро бо вазири корҳои дохилӣ шудани Абдураҳим Қаҳҳоров «бенизомӣ» дар ин соҳа зиёдтар ба чашм мерасад?

 -Тоҷикистон боз мехоҳад бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамқадам шавад- писханд зад як ҳамкасбам аз расонаи хориҷӣ. Дар ҷавоб чизе нагуфтам, зеро аз лоиҳаи қонун «Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ» сӯҳбатҳо мешавад, ки барои шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи инсон муҷозот пешбинӣ мекунад. Ин модда то ба ҳол дар Кодекси ҷиноӣ набуд. Бале, хонандаи гиромӣ, шиканҷа буд, аммо ҷазое барои он муқаррар нашуда буд. Акнун хоҳ аз бомасъулият гаштани қонунгузор бошад, ё натиҷаи истинтоқи лафзии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар Ғарб, хоса Читать далее

Боздошти зане, ки назди Дастгоњи президент додхоњи омада буд

 Соатњои 22-23-и шаби шанбеи 21-уми май кормандони ШКД-и шањри Кўлоб Олињамоњ Тешабоева — як тан аз занњои кўлобиро, ки назди Дастгоњи иљроияи президенти кишвар додхоњї омада буданд, боздошт карданд. Дар ин бора ба TojNews хешовандони боздоштшуда иттилоъ доданд. Читать далее

Як рӯз дар Кӯлоб

Бознашр аз «Нигох» 

ё баъди як соли офати табиии мудҳиш дар Кӯлоб мардуми зарардида чӣ аҳвол доранду ба Душанбе омадани гурӯҳе аз занҳои кулобӣ сабаб шуда метавонад, ки мардум хонаҳои тӯҳфашудаи аз дасташон кашидагирифтаро соҳиб гарданд?

Пас аз эътирози занон дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент, мо тасмим гирифтем ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, воқеияти ҳолро маълум намоем. Шикояткунандагони назди бинои Дастгоҳи иҷроияи ҳамагӣ чанд тан буданд, аммо вақте ба Кӯлоб рафтем, шумораи шикояткунандаҳо хеле зиёд шуд. Шикоятҳо сахт монанд буданд: «манзили зист надорем», «ҳукумати маҳаллӣ бедодгарӣ мекунад»-у «замин намедиҳанд», «хонаҳои президенти мамлакат тӯҳфакардаро кашида гирифтанд», «зимни тақсимоти хонаҳо беадолатиҳо зиёданд». Тавре мебинед, ҳама шикоятҳо сӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев ишора мекунанд. Читать далее

Шӯриши мардумии як кас

Қисcаи талошҳои донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Усмон Сиддиқов қаҳрамонии шаҳрвандист, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои даҳҳо ҳазор донишҷӯёни тоҷикистонӣ равона шудааст. Ӯ ба синну солаш нигоҳ накарда, дар танҳоӣ масъулини як донишгоҳи калонро ба риояи қонунҳои Тоҷикистон водор кардаааст, аммо бюрократияи донишгоҳӣ сар фуроварданӣ нест, зеро сухан аз садҳо хазор доллари ғайриқонунӣ ситонида шуда мераваду дар пайи худ истеъфо дорад… Читать далее

Мактуб ба Президент мерасад?

Коршиносон ба саволи «Чаро арзи мардум ба президент намерасанд?» ё худ «Чаро мардум ба президент тариқи расонаҳои мустақил муроҷиат мекунанд?»  посухҳои гуногун медиҳанд. Вариантҳои посух: «системаи иттилоотии кӯҳна», «мерасанд» ва ҳатто «бо сабабҳои техникӣ».

 Зиёд шудани арзу шикояти мардуми ҷабрдида дар саҳифаҳои нашрияҳо ба унвони Ҷаноби Олӣ, ки асосан аз фаъолияти мақомоти қудратӣ ва давлатӣ изҳори норизоӣ мекунанд, боиси фарзияҳои гуногуни коршиносон шудааст. Читать далее

«Хара ханда,буза бозӣ» ё роҳи пулакӣ ба Суғд

   Бознашр аз Нигох  

Шурӯъ аз 31-уми марти соли равон қисмате аз роҳи Душанбе-Хуҷандро пулакӣ карданд. Акнун, тибқи нархнома, ки аз сӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон омода шудааст, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо — 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши вазнашон то 7 тонна — 60 дирам, мошинҳои боркаше, ки вазнашон то 14 тонна аст, 1,5 сомонӣ ва мошинҳое, ки вазнашон аз 14 тонна боло аст — 1 сомонию 86 дирам муайян шудааст. Читать далее

Ҳафт қадам ба қафо

   Бознашр аз Нигох 

ИН як навоварие буд дар таърихи тоҷикон, ки мо ҳам мисли давлатҳои мутараққӣ роҳро пулакӣ намудем. ТВ ҷор мезанад, ки қадаме ба пеш гузоштем, аммо ин ҳафт қадам ба қафо аст. Читать далее

Суиқасд ба ҷони узви раёсати ҲНИТ

Бознашр аз Нигох

7-уми феврал, соати 735-745 дақиқаи рӯзи душанбе Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳамин ҳизб — «Наҷот» дар наздикии манзили истиқоматиаш воқеъ дар маҳаллаи 112-уми пойтахт мавриди ҳуҷум ва латукӯб қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи Қаряи боло бистарӣ мебошад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ як тан аз гумонбаршудаҳо дар ин ҷиноят аллакай боздошт гардидааст. Нафаре, ки Ҳикматулло Сайфуллозодаи 61-солаи латукӯбшуда ва маҷрӯҳро пайдо кардааст, ба хабарнигори «Нигоҳ» асли воқеаро нақл кард. Читать далее

Чиркинбозори пойтахти тоҷикон

   Бознашр аз Нигох  

ё кӣ ва чӣ тавр талошҳои шаҳрдори Душанберо барои ба низом даровардани бозори дастгоҳҳои алоқаи мобилӣ бар бод доду Шералӣ Сабзов ҳоло ҳам тартиботро дар ҷое таъмин мекунад, ки ҳузури 2-3 ҳазор наврасону ҷавонон дар рӯзҳои равшани фаъолияти «Микрофони озод» «алик-малик» мезананд. Бо иштироки кӯдакону наврасон албатта. Читать далее

Маҳмадалӣ ҲАЙИТ: ИНОТ ҳам сулҳ овардааст…

Абдулвосид ЛАТИПОВ, маъруф ба Қорӣ Восит, яке аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар вилояти Челябински Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар дастгир шудааст ва ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора расонаҳои русиягӣ, дар такя ба Хадамоти амниятии федеролии Русия, (ФСБ) иттилоъ додаанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гурӯҳи марбут ба Қорӣ Восит дар даст доштан ба амалҳои террористӣ, ки боиси марги 40 нафар шудааст гумонбар дониста мешаванд. — Аз ҷумла, 6 амали диверсионӣ ва таркишҳо дар Тоҷикистон, куштори чор тан аз корманди мақомоти милисаи ноҳияи Ваҳдат, куштори 19 нафар сарбози рус ва қатли собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, ба рӯйхати айбномаи гурӯҳи марбут ба собиқ қумондони саҳроӣ Қорӣ Восит шомил шудаанд, — мегӯянд дар ВКД. Ба фарзияи расмии мақомот, гурӯҳи Қорӣ Восит дар содир кардани 25 амали террористӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ҳамин ҳол, собиқ роҳбарияти ИНОТ бар ин назаранд, ки Қорӣ Восит дар қатори дигар қумондонҳои саҳроӣ аз ҳуқуқи афваш, ки баъд аз имзои созишнома дар истиқрори сулҳи тоҷикон бояд бархурдор бошад. Сӯҳбати Маҳмададлӣ ҲАЙИТ, яке аз лидерони собиқи ИНОТ дар бораи ҳаводиси солҳои 1992-97 ва баъд аз онро дар торномаи Панчрудак мутолиа намоед. Читать далее

Мирзохӯҷа АҲМАДОВ: «Аз бачаҳои Ғарм бо Алии Бедакӣ ҳамагӣ се нафаранд…»

   Бознашр аз Нигох

(Аввалин сӯҳбати расонаӣ бо Мирзохӯҷа Аҳмадов баъд аз ҳодисаҳои Рашт)

 -Аввалан аз шумо ташаккур мекунем, ки барои баргузории ин сӯҳбат ризо шудед. Фикр мекунам, хеле аз мардумони кишвар мехоҳанд, аз забони шумо бидонанд, ки чаро моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ вазъ дар минтақаи Рашт ғайриинтизор нигаронкунанда шуд? Зеро дар Душанбе версияҳои гуногун садо медоданду хеле аз расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия онро ҳатто ба кони ангишт рабт доданд. Читать далее

Оромии мармузи Рашт

Бознашр аз Нигох

Рӯзи ҷумъа. 3-юми декабр. Соат 13:05 дақиқа. Аз кампири ҳамсоя дуои сафар гирифтаму ба роҳ баромадам. Дар маҳаллаи ДОК шумораи таксиҳое, ки ба Рашт мерафтанд, кам буд. Тақрибан 7-8 мошин ба назар мерасиду халос. Шумораи одамони сафаракӣ низ хеле кам ба назар мерасид. Аз ронандае самти ҳаракаташро пурсидам. Гуфт, ки ба Нуробод меравад. Аз ӯ дур шуда, худро ба гӯшае кашидам. Ҳамин вақт нафаре наздам омаду «куҷо мерай?» гуфта суол дод. «Ба Рашт»,- кӯтоҳ ҷавоб додам ман ва аз қимати роҳкиро пурсидам. Якбора аз даҳони мусоҳибам нархе баромад дандоншикан: «Алла, охир ҳамун нархи урӯза, 50 сомонӣ». Аз ин сухани ронанда ба ғазаб омада бошам ҳам, забон ба дандон гирифтаму хомӯш мондам. Читать далее

Эътирози навбатии журналистон

Боз нашр аз Нигох 

Рӯзи сешанбе, 30-юми сентябр, гурӯҳи журналистон ва роҳбарони васоити ахбори омма ва сохторҳои расонаӣ, ки «Кумитаи 29-уми Сентябр»*-ро ташкил карда буданд, ҷаласаи кумитаро баргузор карданд, ки дар он вазъи имрӯзаи озодии баён матраҳ гардид. Тавре дар иттилоияи «Кумитаи 29-уми сентябр» гуфта мешавад, ташабусоти нав-баргузории як ҳамоиши эътирозӣ, ба маҳкама кашидани мансабдорони алоҳида, муроҷиати навбатӣ ба Президенти кишвари раисикунандаи САҲА ва ғ.ҳ. барои барқарор кардани адолат ва волоияти қонун дар соҳаи матбуот дар ҷаласа пешниҳод ва қабул шуданд. Читать далее

Бетартибӣ дар бозор ё чаро деҳқон пушти дар монд?

Тибқи омори санҷидашуда, дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар қариб сад дар сад боло рафтааст. Нархи ангур дар моҳи сентябр ба 9 сомонӣ, картошка — 80 дирам, пиёз — 90 дирам, сабзӣ — 1,50 сомонӣ ва як литр равған ба 5,9 сомонӣ баробар буд, вале имрӯз як килограм ангур 18-19 сомонӣ, картошка — 1,4 сомонӣ, пиёз — 1,9 сомонӣ, як литр равған 6,8 сомонӣ, себ — 6-9 сомонӣ, анор 8-12 сомонӣ шудааст. Дар ин миён савдогарон мегуфтанд, ки «мо молро бо нархи доллар мегирем ва он боло рафта истодааст». Аммо қурби асъори доллар дар кишвар давоми ду моҳи охир бетағйир мондааст. Баъзеҳо сабаби болоравии нархро дар гаронии қимати нефт дар Тоҷикистон медонанд. Аммо нархи нефт ҳам то имрӯз дар як зина, яъне бетағйир истодааст. Пас, чаро нарх боло рафтааст, ин муаммост, муаммои пӯшида. Читать далее

Митинги эътирозии мардуми норозӣ дар Норак

Субҳи 25-уми август. Соат 8:00. Мо аллакай дар шаҳри Норак. Назди дари суди шаҳрӣ, ки рӯбарӯи бинои ҳукумати иҷроия, агар чунин гуфтан мумкин бошад, назди «дили шаҳр» воқеъ аст, камодам буд. Танҳо гурӯҳ-гурӯҳ одамони гуногунсол, ки аз чеҳраҳои маҳзуну изтиробиашон пай бурдан мумкин буд, онҳо ин ҷо ночор, аммо чезеро сахт интизоранд, нишастаанд, дар замин. Хоксорона. Одамвор. Интизори чӣ? Чун назди бинои суданд, шояд АЛОЛАТ? Читать далее

Амалиёти бебарор дар Чанорои Файзобод

Ҷойи воқеа

Вақте то даромадгоҳи деҳа расидем, дидем, ки «Камаз»-и Вазорати мудофиа истодааст ва 6 нафар сарбози низомипӯш дар даст яроқ пасу пеш равуо доранд. Пеш-пешамон мошини тамғаи «Нива-Шевроле» ҳаракат дошт. Дар дохили он ду нафари ҳузарб бо либосҳои низомӣ нишаста буданд. Чун мошин дар саршавии деҳа қарор нагирифт, яқин шуд, ки воқеа дар маркази деҳа рух додааст. Ниҳоят ба маркази деҳа низ расидем. Инҷо, дақиқтараш назди масҷиди ҷомеъ гурӯҳи афсарону аскарон ба гуфтугӯ машғул буданд ва канори роҳ 5 мошини сабукрав, 2 «Камаз» ва як «Урал» низ меистод. Чун мақсадамон нахуст шунидани шарҳе аз забони ягон нафар сокини деҳа буд, аз паҳлӯи афсарон гузаштем. Болотар аз масҷид ду-се нафар аз мошин бор мефароварданд. Наздашон рафтаву салом додем. Нигоҳашон нобоварона буд. Бо шубҳа назар мекарданд ва ин далолат аз воқеаи нохуше медод. Ҳатто як нафарашон, ки ба ӯ муроҷиат кардаву аз ҳодисаи рухдода пурсидем, аввал онро батамом инкор кард. Гӯё чизе нашудааст, ҳама орому осуда аст. Аммо чеҳраи маҳзун суханҳои гуфтаашро инкор мекард. Вақте журналист буданамонро донист, андаке осуда шуд ва нарм-нарм ба сухан даромад. Гуфт, ки рӯ ба рӯи масҷид як ҳавлист ва ҷойи зуҳури воқеа ҳамон аст. Аммо аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ кард. Изҳор дошт, ки он соати 2-и шаб рух додаасту онҳо масти хоб будаанд. Читать далее

Шаттаи бозор ба нақшаи ҳукумат

Тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нархи 17 номгӯи маҳсулот бояд дар моҳи Рамазон поин бурда, танзим карда мешуд. Дар назари аввал гӯё ки ин амал аз тарафи сарварони бозорҳо риоя ҳам шуд. Дар ҳақиқат нархи 1 кг гӯшт дар бозорҳои пойтахт 18-19 сомонӣ шуда буд. Аммо сифати ин гӯшт чи гунна буд, саволи дигар аст? Аз ин ба кӣ бояд шикоят бурд, вақте гӯштфурӯшон ба қассобон бо ин нарх танҳо пиргоҳои лоғарро фармоиш дода тавонистанд?

Як фармони бехабар аз бозор, ё кӣ бояд нархро поин барад? Читать далее

Рейтинги амри маъруф

Амри маъруф ва наҳй аз мункар дар Ислом фарз маҳсуб меёбад, фарзи кифоя (бо иҷро шуданаш аз тарафи баъзе мукаллафон аз гардани дигарон соқит мешавад). Бо истинод ба навиштаи бархе аз уламо имрӯз амри маъруфро фарзи айн (барои ҳар як нафаре, ки мукаллаф аст, иҷрои он ҳатмӣ аст) гӯем, ҳам хато наход буд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, ки ҳафтоду чанд сол мардумро аз дину оин-ҳояш дур нигоҳ медошт, тоҷикон тавонистанд ба арзишҳои худ дастёб гарданд. Ба гуфти шоҳидон, нахустин маъракаҳое, ки дар он мардум амри маъруф мешуниданд, дар ҳамин давра садо доданд. Ин амри маъруф асосан хислати иҷтимоӣ-сиёсӣ доштанд ва бо ҳамин аз амри маъруфи кунунӣ фарқ мекарданд. Читать далее

Пушти шабдарав чи меистад?

24-уми майи соли равон вақти офтобшин раиси ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Абдусаттор АЛИЕВ ва муҳандиси заминсоз Нуралӣ ҒАФУРОВ замини обии канори деҳаи Ҳалқаҷарро, ки масоҳаташ 2,7 гектор аст, ба чордаҳ нафар шаҳрванд тақсим карда доданд. Қитъаи замини номбурда дар 12-14 км-и ҷануби шарқии Душанбе ҷойгир шудааст. Соле пеш он замини обии ҳосилхез буд. Дар ин замин то ҳамон бегоҳ ҷав мерӯид. Ҳоло бошад ин қитъаи заминро чор мошин сангу меху риштаҳои сохтмонӣ оро медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи самараноки заминҳои обӣ» аз 25-уми июли соли 2000 таҳти рақами № 335 ба шаҳрвандон тақсим намудани заминҳои обӣ қатъиян манъ карда шудааст. «Нигоҳ» кӯшише дошт то муайян созад: -Чаро ин қитъаи замини обӣ барои сохтани манзил тақсим шуд? -Кӣ барои дарав кардани ҷави хом дастур дод? -Чаро ин кор шабона сурат гирифт? -Чаро касе ба доди истифодабарандаи қитъаи замин нарасид ва билахира: Оё дар ноҳияи Рӯдакӣ фармонҳои Президенти ҶТ мавриди амал қарор мегиранд? Читать далее

Роҳи президентӣ: «Қасри миллат» — фурудгоҳ

«Аз «Қасри миллат» то фурудгоҳи шаҳри Душанбе «роҳи махсуси президентӣ» сохта мешавад?! Хонаҳое, ки аз рӯи нақша ба ҷои сохтмони роҳ рост меоянд, вайрон мегарданд? Пас, мардум ба куҷо меравад? Оё ба мардуми манзилашон вайроншуда хонаҳои нав медода бошанд? Кошки Раиси шаҳр медонист!» Ин таҳлука ва умед дар дили сокинони кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт моҳҳо боз ҷо шудааст. Таври дигар шуда ҳам наметавонист. Хонаҳои баъзе аз сокинони ин ноҳияи пойтахтро воқеан вайрон карданд, қисмеро ҳамин тақдир дар пеш аст. Дар ҷойи ин хонаҳо бояд роҳ сохта шавад. Аммо то куҷо овозаи «Роҳи махсуси президентӣ»-«Қасри миллат- Фурудго-Қасри миллат» воқеият аст? Хабарнигори «Нигоҳ» аз ҷойи ҳодиса дидан кард. Читать далее

Онҳо барои барқ панҷ сол мубориза бурданд

Дар кӯчаи ба номи академик Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокинон панҷ сол боз аз бебарқӣ азият мекашиданд. Ба гуфти сокинони ин кӯча, барқро, ҳатто, тобистон хомӯш мекардаанд ва то имрӯз касе аз Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе (ШБШД) ва ҳукумати ноҳия ба доду арзи сокинони ин кӯчаи пойтахт намерасид. Хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» Эраҷи Амон барои аниқ кардани ҳолати баамаломада дар ҷои воқеа буд.
5 соли бӯҳронии Назаршоев Читать далее

Президент Эмомалӣ раҳмон дар масҷиди Тӯда имоматӣ мекунад?!

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, 4-уми октябр, зимни кушодашавии калонтарин масҷид дар Тоҷикистон, Президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуда, ҳамчунин, бори аввал намозро имомӣ мекардааст. Ин иттилоъро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тасдиқ ё рад накарданд. Хабарнигори «Нигоҳ » аз ин мавзеъ боздид кард. Калонтарин масҷиди кишвар, ки мебояд беш аз 10 ҳазор намозгузоронро ҷой диҳад, дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, дар 20- километрии шаҳри Душанбе, дар масоҳати 2 га замин сохта шуда истодааст Читать далее

Душанбе омадӣ «памперс» гир!-2

Ба Рӯзи ҷаҳонии туалет бахшида мешавад!

Ба ақидаи табибон, бо фаро расидани фасли тирамоҳ бештари бемориҳо аз нав хурӯҷ мекунанд. Аз ҷумла, баробари фаро расидани сардиҳо хурӯҷи бемории «тистит» (шамол хӯрдани пешобдон), ки беморро ҳар лаҳза водор менамояд, ки сӯи туалет давад, бештар мешавад. Агар гирифтори чунин беморӣ дар шаҳри Душанбе бошад- чи? Ё … Соле пеш ҳафтаномаи «Нигоҳ»( №35 аз 20-уми ноябри 2008) ба ин мавзӯъ матлабе навишта буд. Пас аз як сол мо дубора сари ин мавзӯъ баргаштем. Огоҳӣ: танҳо барои хондани ботамкин 😉 Ё худ чаро дар Душанбе ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, қариб ки нестанд. Читать далее

Ба тангем ҳам зор шудем ё Ҳамзаалӣ Ғаниеву «Автобус-1»аш дар хизмати кист?

Соат 2030. Мардум дар кӯчаҳои шаҳр -парешону овораву саргардон, намедонанд, ки ба куҷо раванду ва ба кӣ муроҷиат кунанд. Ман ҳам дар қатори дигарон аз соати 1930 то 2245 дар истгоҳҳои назди меҳмонхонаи «Вахш», кинотеатри «Ватан», Фурӯшгоҳи марказӣ мунтазири нақлиёти ҷамъиятӣ будам. Бояд таъкид намуд, ки аз як истгоҳ то истгоҳи дигар пиёда мерафтаму бо умед ба роҳ дида медӯхтам, ки шояд автобусе пайдо шавад.

Дар истгоҳҳо мунтазир будам ва ё бо умед ба қафо нигоҳ карда-нигоҳ карда мерафтаму мошинҳои Хитоӣ (хафи, вулинг, чанху)-ро, ки маъруф бо номи «тангем»-анд, ёд мекардам. Мардум ба «ислоҳот»-и пай дар пай, ки бо ибтикори бархе аз «чиновник»-ҳои «соҳиб»-и мошини давлатӣ, ки ба зуҳур меояд, одат кардаанд. Аслан имрӯз низ шиори ҳамагон «даҳони пӯшида-сад тилло» аст. Лекин бояд мақоли машҳурро такрор кард, ки «Афлотун дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат -волотар». Читать далее

Хобгоҳ не, ҳушёрхона?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вақти ба истифода додани хобгоҳи №6-и Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон иштирок намуда, лентаи рамзии анъанавиро бурид. Дар қабул кардани он баҳои мусбат дод. Намедонам, агар имрӯз ҷаноби президент воқеияти хобгоҳро бубинад, чӣ баҳо медода бошанд?
24-уми октябри ҳамин соло ба муносибати 60-солагии ДМТ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хобгоҳи нӯҳошёна дар маҳаллаи Лучоб иштирок намуда, ба вазъи иҷтимоии донишҷӯёни хобгоҳ, ки ба тозагӣ вориди хобгоҳ шуда буданд, аз наздик ошно шуда буд. Ин як ғамхории меҳрубононаи президент буд нисбати донишандӯзони манотиқи дурдасти мамлакат. Он рӯз хурсандии донишҷӯён ҳадду канор надошт, зеро онҳо дер боз интизори буридани лентаи рамзии хобгоҳ ва соҳиби сарпаноҳ шудан доштанд. Читать далее